РЕТСЕПТИ АСЛИИ ГУШТИ МУРҒЕ, КИ ҶАҲОНРО МАФТУН КАРДААСТ
Ҳарланд Сандерс “KFC”-ро дар Амрико дар синни 62 солагӣ таъсис додааст. Дастоварди мазкур баъд аз иҷрои корҳои мухталифи зерин ба ӯ муяссар гардидааст: сардори киштӣ, корманди суғурта, фурӯшанда дар мағозаи таҷҳизоти рушноӣ, ҳуқуқшинос, фурӯшандаи чархҳо ва ҳатто акушери ғайрикасбӣ!
Дар тамоми ин корҳо ӯ ба нокомӣ дучор шуда, ҳатто сӯйқасд ба ҷони худ низ кардааст!
-
1930
Оғоз дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣИн ҳама то соли 1930 идома ёфт. Баъдан ӯ як нуқтаи фурӯши сӯзишвориро иҷора гирифт, ки дар он тарабхона низ буд. Онҷо Сандерс гушти мурғро бо истифода аз ретсепте, ки танҳо худаш медонист, омода карда ба сайёҳон фурухтанро оғоз кард!
-
1940
Рақами сеҳрноки 11Соли 1940 баъд аз даҳ соли фаъолият Сандерс ретсепти мазкурро такмил дод. Он аз 11 адвияҷот ва гиёҳҳо иборат буд, ки якчанди он дар пушти дари ошхонаи аввалин нуқтаи фурӯши сузишворӣ кандакорӣ шудааст.
-
1952
... ретсепти махфӣ ва тиллоӣЯкумин нуқтаи KFC соли 1952 кушода шуд ва соли 1955 Сандерс барои ретсепти нодир патент гирифт. Ҳамон сол ӯ кӯшиш кард, ки барои ҷамъоварии маблағ ва рушди тамға дави марафон ташкил намояд. Ӯ зиёда аз 1000 вохуриҳо гузаронида, билохира соли 1964 дар синни 74 солагӣ “KFC”-ро бо маблағи 2 миллион доллари ИМА ба сармоягузорон фурӯхт! Идомаи он ба ҳама маълум аст.
Ретсепти аслии Ҳарланд Сандерс таҳти унвони “11 адвияҷот ва гиёҳҳо” то имрӯз яке аз сирҳои тиҷоратии маъмули саноати хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад. Шумо метавонед аз аслӣ будани таъми KFC мутмаин бошед! -
2021
Зиёда аз 21 000 тарабхонаи KFCДар зиёда аз 130 мамлакатҳои ҷаҳон бештар аз 21,000 тарабхонаҳои “KFC” фаъолият менамоянд. Акнун онҳо фаъолиятро дар Тоҷикистон низ оғоз намудаанд!