Тару тоза омодашуда ҳамавақт беҳтар аст!

1. Тару тоза омодашуда ҳамавақт беҳтар аст!


Сабаби таъми лазизи хӯрокҳои мо ин омода намудани онҳо якчанд дақиқа пеш аз тақдим намудан мебошад. Аз гӯшти мурғ ва бургерҳо то картошкаи фри ва хӯришҳо – дилхоҳ хӯроке, ки шумо фармоиш медиҳед зуд пухта мешавад!

Шароити нигоҳдории мурғҳо
2. Шароити нигоҳдории мурғҳо

Шароити нигоҳдории мурғоне, ки танҳо барои KFC пешбинӣ шудаанд, аз ҷониби ширкатҳои байналмилалии мустақил ҷиддӣ санҷида мешавад, то ин ки онҳо ба стандартҳои некӯаҳволии ҳайвонот мувофиқат намоянд.

Ашёи хом
3. Ашёи хом

Кулли таъминкунандагони мо дорои гувоҳиномаи GFSI мебошанд ва аз ҷиҳати мутобиқат ба стандартҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшудаи “Саломатӣ ва Бехатарӣ” ҳам аз ҷониби агентиҳои баҳогузории байналмилалӣ ва ҳам аз ҷониби нозирони мустақили дохилӣ, санҷида шудаанд, ки мутобиқати тамоми ашёи хомро бо стандартҳои баландтарин тасдиқ намудаанд.

Санҷиши малакаҳои ошпазон
4. Санҷиши малакаҳои ошпазон

Дар як моҳ ду маротиба малакаҳои ҳар як ошпаз ҷиҳати таҳияи хӯрок санҷида мешавад. Ин сабаби ягонаи ифтихори полковник Сандерс мебошад!

Тафтиши равған
5. Тафтиши равған

Кислота дар таркиби равған дар як рӯз ду маротиба санҷида ва дар ҳолати аз меъёр зиёд будан равған фавран иваз карда мешавад!

Раванди пухтупаз
6. Раванди пухтупаз

Бехтани орд пеш аз ҳар як дафъа ҷӯлондан. Дар маҷмӯъ, дар ҳар як тарабхона дар як рӯз орд метавонад то 100 маротиба бехта шавад.

Назорати сифат
7. Назорати сифат

Пеш аз пешниҳод намудан гушти мурғ ба меҳмонон мо ҳар як пораи онро тафтиш менамоем. Агар он комил набошад, шумо ӯро намебинед! 

Давомнокии нигоҳдорӣ
8. Давомнокии нигоҳдорӣ

Муҳлати вақт дар ҳуҷраи нигоҳдорӣ барои ҳар як қисми алоҳида мурғ фарқ мекунад. Масалан, барои қисмҳои пурраи мурғ 90 дақиқа, пораҳои қарсос 30 дақиқа. Аз ин бештар не!

Ҳарорати гушти мурғ
9. Ҳарорати гушти мурғ

Ҳарорати гушти мурғ дар давоми нигоҳдорӣ дар тарабхона дар ягон ҳолат аз 40C зиёд нахоҳад шуд. Баъд аз пухтан ҳадди аққал ба 85С баробар мебошад!

Ҳарорати сабзавот
10. Ҳарорати сабзавот

Ҳарорати сабзавот дар ҷои пухтупаз ҳамеша аз 50С пасттар мебошад. Мо ба ин масъала муносибати ҷидди дорем! Сабзавоти мо бо риояи тартиботи ISO 22000 (HACCP) шустушӯ карда мешаванд.

Муҳлати нигоҳдории маҳсулот
11. Муҳлати нигоҳдории маҳсулот

Муҳлати нигоҳдории маҳсулоти мо (мисли сабзавот, панир ва ғ.) дар ҷои пухтупази хӯрокҳо на бештар аз чор соат мебошад!